Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносӣ дар семоҳаи аввали соли 2026

Санаи 1 апрели соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳо, инчунин Муовини аввали Раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр Шукур иштирок намуданд.

Ҷаласа бо мақсади таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ, баррасии дастовардҳо, муайян намудани камбудиҳои ҷойдошта ва муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои семоҳаи минбаъда доир гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Директори Агентии обуҳавошиносӣ, Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло доир гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳои афзалиятнок барои давраи нимсолаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласа муовини директори Агентӣ Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло вобаста ба масъалаҳои рӯзнома маърӯза пешниҳод намуда, инчунин ҳисоботи роҳбарони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохторӣ шунида ва муҳокима гардиданд.

Муовини аввали Раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр Шукур дар баромади худ фаъолияти Агентиро дар давраи ҳисоботӣ таҳлил намуда, онро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар анҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, барои татбиқи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.


01.04.2026