Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории Мизи мудаввар бо намояндагони Васоити ахбори омма оид ба масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла расонаҳои хабарии “Азия Плюс”, “Your Tj”, “Вечёрка”, “Радиои Озодӣ” масъалаи раддабандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ мавриди баҳс қарор дода шуда истодааст.

Бо ҳамин мақсад санаи 1 апрели соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони Агентӣ, инчунин намояндагони Васоити ахбори омма ва  расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла “Азия Плюс”, “Your Tj”, “Радиои Озодӣ”, “Радиои Садои Душанбе”, “Радиои Тоҷикистон” ва “Народная газета”  баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур баррасии вазъи кунунии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар кишвар, муаррифии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар самти мониторинг ва назорати сифати ҳавои атмосферӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳо бо воситаҳои ахбори омма ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонии аҳолӣ арзёбӣ гардид.

Дар қисмати асосии Мизи мудаввар директори Агентӣ Қурбонзода А.Ҳ. дар бораи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим, дар ин замина қабули стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки аз иқдомҳои муҳимми мамлакати мо дар самти ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла сифати ҳавои атмосферӣ арзёбӣ мегарданд, таъкид намуданд. Мавсуф бо мисолҳои мушаххас оид ба зуҳуроти обуҳавошиносӣ, аз ҷумла  боришот (борон, барф), обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ, захираи барф, ҳолати пиряхҳо ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ маълумот доданд. Зимни муҳокима сабабҳои асосии ифлосшавии ҳаво, аз ҷумла таъсири омилҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим ба сифати ҳаво мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. таъкид намуданд, ки рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарӣ сифати ҳавои атмосферии ҷумҳурӣ нодуруст арзёбӣ гардида, боиси нигаронии аҳолии кишвар мегардад. Таъкид гардид, ки он рақамҳое, ки расонаҳои хабарӣ оиди ифлосшавии ҳавои атмосферии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додаанд, бо назардошти талаботҳои муосири мониторинги сифати ҳаво ва шароити ҷуғрофии кишвар ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Дар ин замина сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелҳо ва рақамҳо ба намояндагони ВАО нишон дода шуд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ намояндагони ВАО аз Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Раёсати мониторинги муҳити зист, озмоишгоҳҳои мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, нуқтаи худкори мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ, инчунин озмоишгоҳи сайёри мониторинги сифати ҳаво дидан намуда, бо таҷҳизоти муосир, усулҳои андозагирӣ ва тарзи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот аз наздик шинос шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуда, таъкид карданд, ки танҳо тавассути ҳамоҳангсозии талошҳо ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ метавон ба беҳбудии вазъи муҳити зист ва ҳифзи саломатии аҳолии кишвар ноил гардид.

01.04.2026