Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

ФОРУМИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА МОНИТОРИНГ, АРЗЁБӢ ВА МОДЕЛСОЗИИ ПЕШГӮИИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА

Санаи 25 майи соли 2026 дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, “Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера” багузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташкил гардид.

Дар оғози Форум директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, оид ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим таъкид намуданд. Дар доираи татбиқи қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034)» таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба криосфера дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ махсусан қайд карда шуд.

Дар баромади Ко Беретт - муовини Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Йорк Шуграф – сафири Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон, Тиерри Умбер- Роҳбари Шуъбаи Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Швейтсария, Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC), Абу Амонӣ – Директори шӯъбаи илмҳои об, котиби Барномаи Гидрологии Байниҳукуматӣ, ЮНЕСКО, Ко Сакамото – директори Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, Ҷавлон Ҳамдамов – намояндаи Фонди Оғохон (AKF) доир ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим таъкид гардид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки  ҳадафҳои Форум ба таҳкими ҳамкории илмии минтақавӣ дар самти мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии тағйироти пиряхҳо ва криосфера, рушди мубодилаи маълумот ва тадқиқоти муштарак, инчунин татбиқи натиҷаҳои амалӣ дар сиёсати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои обӣ, коҳиши хатари офатҳо ва таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст.

Зимни баргузории форум, дар доираи ҷаласаҳои пленарӣ масъалаҳои таҳияи равишҳои илмӣ ва сиёсатҳои минтақавӣ дар мониторинги пиряхҳо ва идоракунии криосфера, васеъ намудани доираи ҳамкорӣ дар самтҳои мониторинги пиряхҳо, арзёбии вазъи криосфера, моделсозии пешгӯии тағйирёбии иқлим, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва таҳияи стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

25.05.2026