Санаи 3 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи «Тақвият бахшидани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж (CBIT)» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А. Ҳ., Директори иҷроияи намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Арутюнян А.Ф. ва аъзоёни Кумитаи роҳбарикунанда иштирок намуданд.
Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ ва намояндагии ФАО оғоз гардида, зимни он ҷонибҳо аз ҳамкориҳои самарабахш дар самти татбиқи муқаррароти Созишномаи Париж, таҳкими иқтидори миллӣ ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласа баррасии натиҷаҳои амалисозии лоиҳа дар солҳои 2025–2026 ва муҳокимаи қадамҳои минбаъда барои татбиқи босамари лоиҳа барои соли 2027 арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишуда, дастовардҳои бадастомада ва масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми миллии ҳисоботдиҳӣ ва шаффофиятро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.



04.06.2026