Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар дар мавзӯи "Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи Барномаи васеи чаҳорчӯбаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж"

Рӯзи 5 июли соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти кишоварзӣ ва озуқавории назди СММ (ФАО) семинар дар мавзӯи "Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи Барномаи васеи чаҳорчӯбаи шаффофият дар доираи созишномаи Париж"-ро тибқи ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим доир намуданд, ки дар рафти он намояндагони муассисаҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои ба тағйиребии иқлим алоқаманд иштирок доштанд.

 Мақсади аз баргузории семинар пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи кишвар дар доираи ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оид ба таҳкими иқтидор ба намояндагони вазорату идораҳои калидӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ гардид.

 Дар ҷараёни семинар иштирокчиен тавассути рӯйнамоҳо дар мавзӯъҳои "Муқаддима ба ҳисоботи мутобиқсозӣ ва ҳисоботи Дусолаи шаффофият дар назди Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ", "Шарҳи бахши талафот ва зарар дар доираи Созишномаи Париж" ва "Баррасии барномаи корӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағирёбии иқлим дар доираи Созишномаи Париж" баромад намуда, масъалаҳои кориро дар ин самти муҳим матраҳ намуданд.

10.07.2024