Санаи 22 декабри соли 2022 дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ оид ба эълон намудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март - Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва «Таъсиси Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иштироки олимону коршиносон ва шарикони рушд баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ оғоз гардида, оид ба иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти муҳим, ки бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд, баромадҳо шунида шуд.
Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баррасии ҳолати кунунӣ ва арзёбии дурнамои вазъи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон буд.
Дар рафти ҳамоиш таъкид гардид, ки аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои инструменталӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ давоми 66 соли охир гузаронида мешаванд, таназзулёбии босуръати пиряхҳоро нишон медиҳад ва дар ин замина дар доираи “Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” бояд корҳои экспедитсионии минтақавию байналмилалӣ бо мақсади омӯзиши амиқи ҳолати яхбандӣ ва тағйирёбии минбаъдаи онҳо роҳандозӣ гардад.
Иштирокчиёни ҳамоиш бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои минбаъда дар доираи истиқболи Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо, инчунин ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзишӣ дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ бо мақсади баҳогузории ҳолати пиряхҳо бо иштироки олимону коришиносони сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъол намудани гурӯҳҳои кории байниидоравиро таъкид намуданд.
24.04.2023