Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Бонки Рушди Осиё

Таърихи 27 апрели соли ҷорӣ роҳбарият ва мутахасссисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд (БОР) вохӯрӣ намуданд. 

Сараввал меҳмонон бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентии обуҳавошиносӣ аз Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ ва дигар марказу шуъбаҳо дидан намуда, оид ба омода намудани пешгӯиҳо, тарзи пешниҳоди маълумот ба сохтоҳои дахлдор, таҳияи бюллетенҳои обуҳавошиносӣ, обшиносӣ, агрометеорологӣ, барфу тармасанҷӣ, инчунин пешниҳоди огоҳиҳо оид ба сар задани зуҳуроти номатлуби табиӣ ва дигар самти фаъолият шиносоӣ пайдо намуданд. 

Дар рафти вохӯрӣ роҳбарият ва мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ оид ба таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ ба меҳмонон маълумот дода, бо назардошти муҷаҳҳазгардонии шабакаҳои давлатӣ беҳтар гардидани сатҳу сифати пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани  таъмини аҳолӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар бо маҳсулоти обуҳавошиносӣ ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон дар ин дидор масъалаҳои омодасозии марҳилаҳои 1 ва 2-юми лоиҳаи “Кӯмаки техникии БОР бо таваҷҷӯҳ ба таҳкими устувории тағйирёбии иқлим”, ки яке ба самти обшиносӣ ва дигаре ба самти кишоварзӣ (агрометеорологӣ) нигаронида шудааст, матраҳ гардид.

02.05.2023