Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО”

Санаи 3 майи соли 2023 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ – назариявиро дар мавзӯи “Тоҷикистон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳифзи пиряхҳо” баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар баромадашон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино шаҳри Душанбе Файзуллозода Зарина Файзулло оиди иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо, ки манбаи асосии оби тоза ва ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, ибрози ақида намуданд.

Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло - директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим баромад намуда, чунин қайд намуданд: - “Натиҷаи мушоҳидаҳои бисёрсолаи Агентии обуҳавошиносӣ нишон медиҳанд, ки зери таъсири гармшавии глобалии иқлим дар ҳудуди ҷумҳурӣ пиряхҳои то 0,1 км2 масоҳатдошта пурра нобуд гардида, пиряхҳои калон ба таназзулёбии шаддид мувоҷеҳ гардидаанд. Бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид бо қатънома ташаббусҳои соли оби тоза, даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳайёт, соли ҳамкории байналмилалии дар соҳаи об ва даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устуворро қабул ва дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи манъба ва захираи асосии оби тоза – яъне захираи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсус барои омӯзиш, ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо борҳо таъкид намуда, ҷомеъаи ҷаҳониро ба ҳалли проблемаи мазкур даъват намуданд. Таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо метавонад кӯшиши кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалиро дар ин бахши муҳими стратегӣ муттаҳид намуда, барои омӯзиш ва дар минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд”.

Қурбонов Номвар – номзади илмҳои техникӣ, муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнертика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва таълим дар мавзӯи “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим” ва муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ Назирзода Камолиддин тариқи рӯйнамо оид ба мавзӯи “Омӯзиши проблемаҳои ташаккулёбӣ ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим” баромад намуда, дар самти саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди масоили обу иқлим ва таназзули пиряхҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ки ба тағйирёбии иқлим вобастагии зич доранд, маълумот доданд.

Дар охири конфронс байни намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба истиқболи Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин амалишавии ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳсу музокираҳо роҳандозӣ шуда, нақшаҳои минбаъда матраҳ гардиданд.


04.05.2023