Дар остонаи рӯзи пирузӣ бар фашизм тамоми кормандони соҳаро ба муносибати яке аз идҳои бузург “Иди Ғалаба” табрик менамоям!
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дошта, он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Мо дар назди корнамоиҳои Қаҳрамонони ҷанг эҳтироми самимӣ дошта, ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чӣ гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Дар ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 90 ҳазор аз тоҷикистониҳо фиристода шуда, 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд ва 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд.
Ин ҷашн дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт гардидааст. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.
Бигзор насли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Бо ҳамин нияти нек, тамоми кормандони соҳароро бори дигар бо Иди Ғалаба табрик намуда, ба халқи азизи Ҷумҳурии Тоҷикистон тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.
Бигзор ҳамеша аз муҳаббат ва ғамхории атрофиёнатон баҳраманд бошед. Бигзор фарзандон, наберагон ва аберагонатон беш аз ҳар вақти дигар дар бораи Шумо суханҳои саршор аз муҳаббату самимият бигӯянд.
Хушбахт ва дар амон бошед!
Умри дарозу саломатӣ ва хушҳоливу некрӯзӣ насибатон бод!
Иди Ғалаба муборак ҳамватанони азиз!
06.05.2023