Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

15 – уми май “Рӯзи байналмилалии иқлим”

Рӯзи 15 май дар тақвими санаҳои экологӣ ҳамчун “Рӯзи иқлим” ворид шудааст. Дар ҳақиқат мавзӯи тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби зиндагии мо табдил ёфтааст. Ин падида ба норасоии об дар минтақаҳо, ифлос шудани ҳавои атмосферӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, паст шудани маҳсулнокии кишоварзӣ ба дигар паҳлӯҳои зиндагии инсоният, бахусус вазъи иқтисодиёти тамоми кишварҳои дунё таъсири манфӣ расонида истодааст. 

Проблемаи «тағйирёбии глобалии иқлим» имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ осебпазир буда, аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки тағйирёбии иқлим барои он махсусан харобиовар аст. Аз ҷумлаи оқибатҳои аллакай мушоҳидашуда ва эҳтимолии тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон вайроншавии реҷаи боришот, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳишёбии масоҳати пиряхҳо ва ҳодиссаҳои хатарноки обу ҳаво мебошанд. Мушоҳидаҳои дарозмуддати обу ҳаво аз зиёд шудани шумораи рӯзҳои гарм, кам шудани шумораи рӯзҳои хунук ва тағйироти назарраси ҳаҷм ва мӯҳлати боришот шаҳодат медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии таърихие, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки санаи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд, иброз намуда буданд: - “ Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардида буд, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.

Дар тақвият ба гуфтаҳои боло кормандори соҳа ва ҳамаи мутахассисоне, ки дар самти тағйирёбии иқлим кор ва фаъолият намуда, барои гулгулшукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир доранд, табрик намуда дар кору фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беназирро орзумандам.

“Рӯзи байналмилалии иқлим” - муборак ҳамкасбони азиз!

 

Директори Агентии обуҳавошиносии

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонзода А.Ҳ.


17.05.2023