Санаи 16-17 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйиребии иқлим аз ҷониби Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаҳои "Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим ва сабук кардани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал, маблағгузории иловагӣ" (CAMP4ASB af) , "Муколамаи Осиёи Марказӣ оид ба ҳавасмандгардонии маблағгузории байнисоҳавӣ дар асоси робитаи "об-энергия-озуқаворӣ "(Нексус) дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти "PROGREEN" ва Барномаи энергетикии об барои Осиёи Марказӣ "(CAWEP) бо шарикии байни Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Швейтсария ва Бритониёи Кабир баргузор гардид.
Дар кори Конфронси мазкур ҷонибҳои ҳавасманд барои муҳокимаи масъалаҳои об, энергетика, озуқаворӣ ва экологӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ҷалб шудаанд. Дар рафти конфронс байни иштирокчиён масъалаҳои дастовардҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, ташаббусҳои мувофиқ барои ноил шудан ба устувории байнисоҳавӣ ба тағйирёбии иқлим ва платформаҳои дастрас барои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ матраҳ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз сабаби шароити босуръат тағйирёбандаи иқлим, надоштани роҳи баромад ба баҳр, ки қисми зиёди оби он аз пиряхҳо гирифта мешаванд, ҳамзамон соҳаи кишоварзии васеъ рушдёбанда, инфрасохтори кӯҳна ва афзоиши босуръати аҳолӣ ба иқлими зудтағйиребанда осебпазир дониста мешавад. Гарчанде ки кишварҳои минтақа – ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон – релеф, шароити табиӣ - иқлимӣ ва афзалиятҳои рушди гуногунро доро мебошанд, хусусияти фаромарзии хатарҳои иқлимӣ ба ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ баробар таъсир мерасонад ва баргузории чунин конфронсҳо барои ҳалли масъалаи мубрами рӯз-“тағйирёбии иқлим” нақши босазоро дорост.
17.05.2023