Дар доираи 19-умин Конгресси умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар Маркази байналмилалии конфронси Женева, Ҷумҳурии Швейтсария директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номзад ба мақоми Президенти Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ доктор Абдулло Аҳмад Ал Мандус, Директори генералии Маркази миллии обуҳавошиносии Аморати Муттаҳидаи Араб, Президенти ассотсиатсияи Минтақавии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ II (Осиё) вохӯрии дуҷонибаро доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни хадамотҳои обуҳавошиносии кишварҳо оид ба табодули донишу таҷриба ва технология, инчунин ташрифи мутахассисони соҳавӣ ба кишварҳо ва баррасии қадамҳои минбаъда барои рушди хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ дар асоси принсипҳо ва дастурҳои Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ баррасӣ карда шуданд.
30.05.2023