Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ

Санаи 29 майи соли 2023 дар доираи Конгресси 19-уми Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва сафири фавқулодда ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Даниэл Кулл, сардори раёсати Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба рушди шарикӣ ва сафарбаркунии захираҳо ва Фатих Кая роҳбари барномаи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба обшиносӣ ва захираҳои обӣ мулоқоти дуҷониба доир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯиҳои обу ҳаво ва огоҳии барвақтӣ, ҷорӣ намудани амсилаҳои нави пешгӯӣ ва истифодаи маълумоти Маркази аврупоии пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин ташаббуси нави Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ - "Огоҳиҳои барвақтӣ барои ҳама (Early Warnings For All)"-ро муҳокима намуданд. Ин ташаббуси ҷаҳонӣ барои он роҳандозӣ шудааст, ки то соли 2027 тамоми сокинони Курраи Замин бо огоҳиҳои барвақтӣ аз зуҳуроти шадиди обу ҳаво ва иқлим муҳофизат карда шаванд. Ташаббус ба рӯзномаи ҷаҳонӣ то соли 2030 комилан мувофиқат намуда, муқаррароти асосии барномаи Чаҳорчӯбаи Сендай барои коҳиш додани хатари офатҳо, инчунин созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Ҳадафҳои рушди устуворро дастгирӣ мекунад.


31.05.2023