Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист”

Ҳамкасбони азиз!

Кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист!

Шуморо ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист табрику муборакбод гуфта, ба Шумоён пирӯзиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишотро таманно дорам.

Бояд ёдовар шуд, ки бори аввал 5 июни соли 1972 дар шаҳри Стокголм  конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид созишномаро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳия ва қабул намуд, ки мақсадаш ҷалб намудани диққати ҷомеа ба ин  масъала  буд. Дар кишвари мо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 ин ҷониб дар сатҳи баланд қайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли Сайёра ҳисобида мешавад, зеро тибқи маълумоти мавҷуда онро расман сокинони беш аз 100 давлати дунё таҷлил менамоянд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда,  имконияти хубест, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи оммаи васеъ ба масоили  экологӣ мебошад.

Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист барои хушдор додани ҷомеа аз муаммоҳои экологӣ имконият фароҳам меоварад, зеро сол аз сол таназзулёбии табиат аз тағйирёбии иқлим, хароб шудани вазъи муҳити зист, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби табиӣ дар сайёра ба мушоҳида мерасад.

 Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, собитқадамона қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

·       Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

·       Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

·       Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

·       Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Чунон ки барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Тоҷикистон як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст. Аз ин рӯ, мо, шаҳрвандони ҷумҳуриро, зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро оқилонаву самаранок истифода карда, аз ифлосшавию харобӣ ва умуман ҳар гуна хатарҳои номатлуб ҳифз намоем».

Боварӣ дорем, ки Шумо кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист барои амалӣ намудани ин ҳадафи созанда саҳми назарраси худро мегузоред. Изҳори умедворӣ мекунем, ки ба шарофати кордонию заҳматҳои шоистаи Шумоён, кишварамон шукуфону обод мегардад.

Дар иҷрои рисолати касбиатон ба Шумо-кормандони соҳаи обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист барору комёбиҳо орзӯ менамоем!


02.06.2023