"Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон" ба хотири имзои Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон муқаррар карда шуда, аз соли 1995 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Тасдиқи илмии харобшавии қабати озон ҷомеаи байналмилалиро водор сохт, ки механизми ҳамкорӣ оид ба андешидани чораҳо барои ҳифзи қабати озонро эҷод намоянд. Ин тадбир дар Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон, ки 22 марти соли 1985 аз ҷониби 28 кишвари дунё қабул ва имзо гардидааст, роҳандозӣ шудааст. Фаъолиятҳои минбаъда боис гардид, ки моҳи сентябри соли 1987 лоиҳаи Протоколи Монреал оид ба моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд, таҳия гардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Протоколи Монреал қариб 100 моддаҳои кимиёвиро дар якчанд категорияҳо назорат мекунад. Барои ҳар як гурӯҳи кимиевӣ ё замима, ҷадвали марҳила ба марҳила қатъ кардани истеҳсол ва истеъмоли моддаҳои кимиёвиро муқаррар мекунад, то дар ниҳояти кор аз онҳо комилан даст кашида шавад.
Бояд қайд намуд, ки Протоколи Монреал ҷадвали истеъмоли моддаҳои вайронкунандаи озонро муқаррар мекунад. Истеъмол ҳамчун миқдори истеҳсолшуда ва воридот бо назардошти содирот дар ҳама гуна соли муайян амиқ мегардад. Инчунин дар ин самт таҷрибаи ихтисор кардани захираҳои эълоншуда вуҷуд дорад.
16 сентябри соли 2009 Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал аввалин шартномаҳо дар таърихи СММ арзёбӣ шуданд, ки умумӣ тасдиқи худро ёфтанд.
15.09.2023