Санаи 24 октябри 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Шӯрои ҷавонони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси бозомӯзӣ барои кормандони ҷавони Агентӣ баргузор гардид.
Дарси бозомӯзии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои ҷавонони Агентӣ, Раҳимзода А.С., оғоз ёфт. Мавсуф дар баромадашон таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ба худогоҳиву худшиносӣ, илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ даъват менамоянд.
Сипас, муовини сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ, Сайфелоев Н., дар доираи дарси бозомӯзӣ дар мавзӯи “Фаъолияти Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ” тариқи рӯйнамо (презентация) баромад намуда, доир ба самтҳои асосии назорат ва таҳлили ҳолати муҳити зист, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои мониторинги сифати ҳаво ва обҳои сатҳӣ, ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ва истифодаи технологияҳои муосири мушоҳидавӣ маълумот доданд.
Дарсҳои бозомӯзӣ барои ҷавонон имконият фароҳам меоваранд, ки донишу малакаи касбиро такмил дода, дар самти ҳифзи муҳити зист ва мониторинг фаъолиятҳои худро самараноктар ба роҳ монанд.








25.10.2025