Дар ҷараёни Конгресси ғайринавбатии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зарурати қабули чораҳои фаврӣ ва қатъиро дар самти огоҳонии барвақтӣ оид ба зуҳуроти фавқулодаи иқлимӣ ва обуҳавошиносӣ таъкид намуд. Ӯ махсусан аҳамияти татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳии барвақтӣ барои ҳама»-ро зикр кард, ки таҳти сарпарастии СММ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он то соли 2027 фароҳам овардани имкони дастрасии тамоми сокинони сайёра ба низоми муассири огоҳкунии барвақтӣ мебошад.
Дабири кулл изҳор дошт, ки огоҳии барвақтӣ ва пешгӯиҳои дақиқ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим гарданд. Ба гуфтаи ӯ, вокуниши саривақтӣ метавонад талафоти инсонӣ ва иқтисодиро, махсусан дар минтақаҳои бештар осебпазир ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Илова бар ин, Антониу Гутерриш ба талошҳои СУО оид ба рушди низоми ҷаҳонии мониторинги газҳои гулхонаӣ таваҷҷӯҳ намуд. Ин ташаббус барои пайгирии илмии партов ва ҷаббиши газҳои гулхонаӣ дар атмосфера равона шудааст, ки нақши муҳимеро дар иҷрои Созишномаи Париж мебозад. Ӯ саҳми назарраси СУО-ро дар дастгирии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар таҳияи самтҳои стратегии ҳамкорӣ ва таҳкими иқтидори илмӣ баланд арзёбӣ намуд.
Дар қатори масъалаҳои афзалиятнок ҳамчунин масъалаҳои маблағгузории минбаъдаи ташаббусҳои иқлимӣ, аз ҷумла механизмҳои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ва таҳкими устувории кишварҳои осебпазир баррасӣ гардиданд. Зарурати таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ, бахусус барои давлатҳои рӯ ба инкишоф таъкид гардид.
Дар анҷоми суханронии худ Антониу Гутерриш ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки танҳо ба изҳорот мащдуд нашаванд, балки талошҳои амалиро дар мубориза бо буҳрони иқлимӣ тақвият бахшанд. Ӯ таъкид кард, ки илм аллакай огоҳии возеҳ медиҳад: гармшавии глобалӣ афзоиш меёбад, зуҳуроти шадиди обуҳавошиносӣ зиёд мешаванд ва фурсати пешгирӣ аз оқибатҳои фоҷиабор ба таври босуръат маҳдуд мегардад.
23.10.2025