Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)

Аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим барузор мегардад.

Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил соли 1998 Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро  тасдиқ намуда, соли 2017 Созишномаи Парижро, ки ҷузъи таркибии Конвенсияи мазкур маҳсуб ёфта, ӯҳдадориҳои кишварҳоро муайян менамояд, тасдиқ кардааст.

Дар доираи Конфронс Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаи ҳифзи захираҳои об, муаррифӣ намудани дастовардҳои кишвар дар самти омӯзиш ва нигоҳдории захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷонибҳои ҳавасманд барои ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли нерӯи сабз, истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ташкил карда шудааст.

Дар ҳошияи конфронси мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аъзо дар самти иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо ва вохӯриҳо дар назар дошта шудаанд, ки дар кори онҳо иштироки ҳайати кишвар ба нақша гирифта шудааст.


01.12.2023