Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим як роҳнамои стратегӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии оқибатҳои тағирёбии иқлим мебошад. Ҳадафи асосии он коҳиш додани осебпазирии аҳоливу иқтисод аз таъсири тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла, хушксолӣ, тарма ва лағжиш мебошад.
Дар ин нақша таваҷҷӯҳ ба бахшҳои кишоварзӣ, истифодаи замин ва амнияти озуқаворӣ нигаронида мешавад. Ҳадафи он пешгирии ҳолатҳои фавқулода - натиҷаи тағйирёбии иқлим ва пешниҳоди чораҳо барои рушди иқтисод, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии рушди деҳот ва гуногун сохтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми ноябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва маблағгузории Фонди Иқлими Сабз семинар дар мавзӯи “Дурнамои татбиқи Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим”-ро баргузор намуд, ки дар рафти он беш аз 35 намояндаи сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Иштирокдорони семинар мавзуҳои зеринро баррасӣ карданд:
· Таҷриба ва методология муосир барои банақшагирии раванди мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим
· Таҳияи меъёрҳои танзимкунанда ва механизмҳои институтсионалӣ дар мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим
· Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои мутобиқкунонии бахшҳои афзалиятнок
Бояд қайд намуд, ки бо истифодаи таҷриба ва дарсҳои минтақавӣ, мутобиқ сохтани онҳо ба шароити миллии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вижа дода шуд. Семинар бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбӣ ва сатҳи огаҳӣ дар бораи аҳамият ва усулҳои раванди Нақшаи Мутобиқшавии миллӣ, ки ба меъёрҳои гендерӣ ҷавобгӯй мебошад, равона шуда буд.
Инҳо аз мавзӯъҳои асосии семинар буданд:
· Муносибати байни банақшагирии мутобиқшавии миллӣ ва зермиллӣ.
· Татбиқ, назорат ва арзёбии амалҳои мутобиқшавӣ.
· Нақши муҳими сифат, мувофиқат, мубодила ва шаффофияти додаҳо.
Нақшаи миллии мутобиқшавӣ як дастурамали ӯҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кишварро ба ояндаи устувор ва одилона роҳнамоӣ мекунад. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ӯҳдадор аст, ки кишварро дар роҳи мутобиқшавии муассир ва устувори тағйирёбии иқлим дастгирӣ намояд.
04.12.2023