Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Имзои “Еддошти тафоҳум” байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Донишгоҳи Тюои Ҷопон

Санаи 8 декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 28) “Ёддошти тафоҳум” байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тюои Ҷопон “Дар бораи рушд ва такмили Кадастри миллии газҳои гулхонагӣ барои Ахбороти аввалини дусола оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва намояндаи ваколатдори Донишгоҳи Тюои Ҷопон профессор Масатэка Ватанабе ба имзо расид.

Дар доираи санади мазкур омӯзиш ва такмили ихтисоси мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар донишгоҳи мазкур, курсҳои кӯтоҳмаддат барои мутахассисони вазорату идораҳо дар дохили кишвар, моделсозӣ бо назардошти шароити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди миллии кишвар ба нақша гирифта шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти қаблугардида, Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналмиллаӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд баргузор гардида, барои ҷонибҳои ҳавасманд ҷиҳати мубодилаи таҷриба ва роҳандозии ҳамкориҳо замина фароҳам меоварад.

13.12.2023