Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар бинои Агентии обуҳавошиносӣ ҳамоиши идонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои зерсохтори он доир гардид, ки дар он оинҳои наврӯзӣ, аз қабили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастархони ҳафт сину ҳафт шин ва бозиҳои варзишӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар рафти ҳамоиш иброз гардид, ки ҷаҳонӣ шудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз низ аз мероси бойи таърихию фарҳангии халқи тоҷик дарак медиҳад. Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест.
Боиси ёдоварист, ки бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ мубаддал гашта, ҳамасола дар сар то сари ҷаҳон ин рӯзро ба таври хосса таҷлил менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 23 феврали соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд. Дар ҳамин ҷаласа Ассамблеяи Генералӣ аз қарори ЮНЕСКО аз 30 сентябри соли 2009 дар бораи шомил кардани Наврӯз ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳангии башарият истиқбол намуд.
19.03.2024