Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Соҳаи обуҳавошиносӣ ва алоқаи он бо фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

 Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ҳадафҳои – “Солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” пайваста корҳои тарғиботиву ташфиқотиро роҳандозӣ намуда, бо муассисаҳои олии кишвар ва таҳсилоти ҳамагонӣ робитаи зичро дорад.

Бо ин мақсад санаи 25 апрели соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи иҷрои “Бистсолаи омӯзиш”-и мазкур “Рӯзи дарҳои кушод” доир гардид, ки дар доираи он хонандагони Мактаби байналмиллалии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар вохӯрӣ хонандагон аз Стансияи аэрологии шаҳри Душанбе, Маркази тағйирёбии иқлим ва қабати озон, Маркази пешгӯӣ обуҳавосанҷӣ дидан намуда, бо пайомадҳои зуҳуроти табиӣ, тарзи кори таҷҳизотҳои обуҳавосанҷӣ, усулҳои омода намудани пешгӯии обу ҳаво, падидаҳои тағйирёбии иқлим ва пешниҳоду ирсоли маълумоти обуҳавосанҷӣ аз наздик шинос шуданд.

26.04.2024