Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари амалӣ оид ба мавзӯи “Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (НММ) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ кишвари осебпазиртарин ба хатарҳои тағйирёбии иқлим буда, андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ асоси рушди минбаъдаи он мебошад.

Ҷорӣ намудани масъалаҳои мутобиқгардонии тағйирёбии иқлим дар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳои калидӣ, ки рушди кишоварзӣ, истифодаи захираҳои обӣ, истеҳсоли нерӯи барқ ва рушди инфрасохтори нақлиётро назорат мекунанд, дар ҷараЁни семинари амалӣ дар шаҳри Душанбе санаи 24 - 25 апрели соли 2024 муҳокима гардиданд.

Дар ҷараёни семинар иштирокчиён масъалаҳои мавҷударо дар муқаррарот ва тавсифи вазифаҳои вазорату идораҳои асосӣ бо мақсади дохил кардани мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба чор бахши афзалиятнок, аз қабили энергетика, захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, бо назардошти ҷанбаҳои байнисоҳавӣ, ба монанди гендерӣ, маъюбон, ҷавонон, муҳоҷират, маориф, тандурустӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва ғайраҳо матраҳ намуданд.

Дар ҷамъбасти семинар тавсияҳои гирифташуда оид ба мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим аз ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод гардиданд, ки вазорату идораҳои калидӣ ба Низомнома ва дастурамалҳои вазифавӣ дохил хоҳанд намуд, ки ин ба таҳияи нақшаи рушди касбӣ барои рафъи камбудиҳо дар заминаи меъёрӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим мусоидат мекунад.

Вохӯрӣ аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барономаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Таъмини раванди самараноки таҳияи Нақшаи миллии мутобиқсозӣ барои Тоҷикистон", ки аз ҷониби фонди иқлими Сабз (ФИС) маблағгузорӣ мешавад, ташкил гардид.

26.04.2024