Санаи 2 майи соли 2024 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд семинар дар мавзӯи “Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи Барномаи васеи қолабии шаффофият дар доираи Созишномаи Париж”-ро ташкил намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Мақсади асосии семинари мазкур пешниҳоди маълумот дар бораи ӯҳдадориҳои кишвар дар доираи ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйиребии иқлим, фаҳмиши ӯҳдадориҳои кишвар дар доираи ташаббуси конвенсия ҷиҳати таҳкими иқтидор ба манфиати транспарентӣ (CBIT) ба намояндагони вазорату идораҳои калидӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки Созишномаи Париж дар Конфронси бисту якуми Тарафҳои конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйиребии иқлим қабул шуда, 4 ноябри соли 2016 эътибор пайдо намуд. Созишномаи таърихӣ ба таҳкими вокуниши ҷаҳонӣ ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст ва аз ҳама ҷонибҳо талаб мекунад, ки системаҳои боэътимоди мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва тасдиқи амалҳо, ҳамзамон талошҳоро барои коҳиш ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро эҷод намоянд.
06.05.2024