Санаи 17 майи соли 2024 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони озуқа ва кишварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Ташкилоти ҷамъиятии "Эко лоиха" вохӯрии машваратии аъзои Гурӯҳи кории техникии байниидоравӣ дар мавзӯи "Таҳкими иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи Барномаи васеи қолабии шаффофият дар доираи Созишномаи Париж"-ро баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок доштанд.
Мақсади асосии вохӯрии мазкур пешниҳоди маълумот дар бораи ӯҳдадориҳои кишвар дар доираи ташаббуси Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, фаҳмиши ӯҳдадориҳои кишвар дар доираи ташаббуси конвенсия ҷиҳати таҳкими иқтидор ба манфиатҳои транспарентӣ (CBIT) ба намояндагони вазорату идораҳои калидӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, Протоколи Киото ва Созишномаи Париж бо масъулияти пурра иҷро намуда, дар ин самт ба масъалаҳои мониторинг ва инвентаризатсияи партовҳои газҳои гулхонагӣ, ҷорӣ кардани сохтори шаффофият тибқи моддаи 13 Созишномаи Париж диққати махсус дода мешавад.
28.05.2024