Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши Системаҳои ахборотии ҷуғрофӣ (GIS) барои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати инкишофи соҳаи обуҳавошиносӣ фаъолиятро ба таъмини ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеъа аз таъсири зуҳуроти табиӣ, дастраси истифодабарандагон гардонидани маълумотҳои обуҳавошиносӣ ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист равона намуда истодааст.

Агентии обуҳавошиносӣ дар доираи фаъолияти худ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дорост. Дар заминаи ин ҳамкориҳо рӯзҳои 14 то 17 майи соли ҷорӣ барои кормандони Дастгоҳи марказӣ ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷӣ курси омӯзишии Системаи ахборотии ҷуғрофӣ – “GIS” баргузор гардид, ки дар он 25 нафар кормандон иштирок намуданд.

Дар рафти курси омӯзишӣ мутахассисон бо усул ва тарзи кори дастгоҳҳои “GPS”, Барономаҳои кории “Googel Earth”, “QGIS”, ки барои омода намудани харитаҳои обуҳавосанҷӣ нигаронида шудаанд, шиносоӣ пайдо намуда, савияи дониҳои назариявӣ ва амалиашонро такмил доданд.  

28.05.2024