Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии чор бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқсозӣ"

Рӯзҳои 21-22, 23-24, 28-29 ва 30-31 майи соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, бо дастгирии молиявии Фонди иқлимии сабз (UNDP) семинарҳо оид ба мавзӯи “Арзёбии осебпазирӣ дар чаҳор бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ"-ро баргузор намуданд, ки дар рафти онҳо намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи семинарҳо ҷамъоварии андешаҳои иштирокчиён барои анҷом додани арзёбии осебпазирии бахшҳои энергетика, об, нақлиёт ва кишоварзӣ, ҳамзамон таҳияи нақшаҳои мутобиқшавӣ дар доираи раванди банақшагирии миллии мутобиқшавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъбасти вазъи равандҳои иқлимии ба бахшҳои калидӣ таъсиррасон арзёбӣ гардид.

Дар рафти семинаҳо иштирокчиён ба омӯзиш фаро гиифта шуда, донишҳои худро дар самти таҳияи тадбирҳои мутобиқсозии бахшҳои асосӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва табодули таҷриба такмил доданд.


28.05.2024