Санаи 11 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират чорабинии канориро дар мавзӯи «Ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ-далелҳо, камбудиҳо ва афзалиятҳо» баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайати кишварҳо, олимону коршиносони масоили обу иқлим иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ зикр гардид, ки тағйирёбии иқлим ба раванди муҳоҷират дар миқёси ҷаҳон ва минтақа таъсири ҷиддӣ дошта, яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани таъсири манфии он татбиқи амалии нақшаи кишварҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти чорабинӣ аз ташабусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва иқлим, татбиқи сиёсати кишвар дар самти тағйирёбии иқлим ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати то соли 2040 ба кишвар сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.
Дар чорабинии мазкур ҳайатҳо масъалаҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли 2025 – «Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо», «Панҷсолаи амал оид ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ», омодагӣ ба Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва рафти татбиқи стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои минтақа ва нақши онҳо дар танзими муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.
13.06.2024