Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Агентии обуҳавошиносӣ

Таърихи 21 июни соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе баргузор гардид, ки дар рафти он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумита Абдуллоев Салоҳиддин Ҷамолиддинович  иштирок доштанд.

Ҷаласаро Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осмони соф”-и Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуда, рӯзномаи ҷаласаро муаррифӣ намуданд. Мавсуф оид ба нақши барҷастаи “Созишномаи ваҳдати миллӣ”, ки бо ибтикору саъйи беандозаи сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ибрози назар намуда, таъмини сулҳу салоҳи сартосарӣ ва гулгулшукуфоии кишварро хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар бораи фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Осмони соф”-и ҲХДТ дар Агентии обуҳавошиносӣ баромади муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Байдуллоева Ҷ.А. пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки дар он оиди масъалаҳои фаъолияти ҳизб, қабули аъзоёни нави ҳизб, баргузории чорабиниҳои гуногун дар ин самт маълумот дода шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рафти ҷаласа фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ, интихоби ҳайати раёсат, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакил ба Конфронси 44-уми ҲХДТ дар ноҳияи Синои ш.Душанбе ва дигар масъалаҳо дар доираи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб матраҳ гардиданд.

Дар охири ҷаласа баромади Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир шунида шуд, ки дар он оид ба фаъолияти пурсамари аъзоёни ҳизб дар ташфиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ташфиқи ватандӯстии ҷавонон, эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон изҳори назар намуда, ҳамкории муштараки Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотро дар самти обуҳавошиносӣ ва ҳифзи муҳити зист махсус таъкид доштанд.

22.06.2024