Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024

Санаи 3 июли соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҷаласаи натиҷагири аз фаъолияти обуҳавошиноси баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок доштанд.

Ҷаласа таҳти раёсати директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ҷараён гирифт. Дар он масъалаи натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби кори ҷаласа муовини директори Агентӣ Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна аз рӯи масъалаҳои рӯзнома баромад намуданд.

Сипас ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ шунида ва муҳокима гардид.

Дар баромади Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон қайд гардид, ки фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо дар ҳамаи самтҳо қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳадафи асосии мо татбиқи амалии сиёсати кишвар дар самти обуҳавошиносӣ, татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», пешбурди мониторинги муҳити зист, омӯзиш ва таҳияи чорабиниҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

     Аз руи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарор қабул гардида, масъулини иҷрои онҳо муайян ва муввазаф гардиданд.

03.07.2024