11-12 июли Соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (CIVITTA) ва (CAICO) бо дастгирии молиявии фонди иқлими сабзи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" - ро дар Шаҳри Ҳисор баргузор намуд. Иштирокчиёни семинар кормандон ва мутахассисони муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ буданд, ки дар соҳаи гуногуни кор мекарданд ва ба мутобиқсозӣ ва тағйирёбии иқлими ноҳияи Ҳисор алоқаманд будаанд. Мақсади семинар аз он иборат аст, ки ба муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ умумигардонии ҳолати равандҳои иқлимӣ, таъмини муносибати дақиқ ва самараноки тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки барои арзёбии осебпазирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар шаш бахши асосии Ноҳияи Ҳисор, аз қабили кишоварзӣ, нақлиёт, захираҳои об, энергетика, хоҷагии ҷангал, сохтмон ва саноат заруранд. Арзёбии осебпазирӣ, ки барои шаш бахши афзалиятнок гузаронида шудааст, инчунин қисми ҳуҷҷати нақшаи миллии мутобиқсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ҷараёни семинар тағйирёбии иқлим ба бахшҳои асосии афзалиятноки иқтисодиёти Ноҳияи Ҳисор муҳокима карда шуд ва маълумоти коршиносони байналмилалӣ барои истифода дар таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқсозӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Дар оянда нақшаҳо ба идораҳои калидӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешаванд ва Ба Ҳукумати Тоҷикистон супорида мешаванд.
16.07.2024