Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳа"

Рӯзҳои 30-31 июли соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ ва ширкатҳои машваратии "CIVITTA", "AICO", бо дастгирии молиявии Фонди иқлими сабз семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ"-ро дар ноҳияи Рашти НТҶ баргузор намуданд.

Дар семинари мазкур намояндагони соҳаҳои калидии ноҳияи Рашт, ки бевосита фаъолияташон ба мутобиқсозӣ ва тағйиребии иқлим вобастагии зичро дорост, иштирок намуданд.

Мақсади асосии семинар ба муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ намудани ҳолати равандҳои иқлимӣ, таъмини муносибати дақиқ ва самараноки тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки барои арзёбии осебпазирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар шаш бахши асосии ноҳияи Рашт, аз қабили кишоварзӣ, нақлиёт, захираҳои обӣ, энергетика, хоҷагии ҷангал, сохтмон ва саноат зарурбуда арзёбӣ гардида, инчунин қисми Нақшаи миллии мутобиқсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар ҷараёни семинар таъсири тағйирёбии иқлим ба бахшҳои асосии афзалиятноки иқтисодиёти ноҳияи Рашт муҳокима шуда, маълумоти коршиносони байналмилалӣ барои истифода дар таҳияи нақшаҳои соҳавии мутобиқсозӣ ҷамъоварӣ шуданд. Дар оянда нақшаҳо ба идораҳои калидӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

01.08.2024