Санаи 13 августи соли 2024 намояндагон дар сатҳи Муовини директори генералии Бонки Осиёии Рушд (БОР) Шяхонг Янг, Директори Бонки Осиёгии Рушд оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, хурока ва захираҳои табиӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ - Ясмин Сиддиқӣ ҷиҳати боздид ба стансияи барфу-тармасанҷии Майхура ва дидбонгоҳи обченкунии Ҳушёрӣ воқеъ дар н.Варзоб сафар намуданд. Меҳмононро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А., Директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ., ва мутахассисони соҳавӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон аз фаъолияти стансияи барфу-тармасанҷии Майхура ва дидбонгоҳи обченкунии Ҳушёри шиносоӣ пайдо намуда, ба саволҳои худ дар самти мониторинги захираи барфу пиряхҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ ва пешгӯӣ намудани зуҳуроти хавфнок, аз ҷумла сар задани зуҳуроти тарма ва селҳои пиряхиву маҳаллӣ маълумот пайдо намуданд.
Рӯзҳои 14-15 август бошад дар бинои Агентии обуҳавошиносӣ вохӯрии роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентӣ бо намояндагони БОР Шяхонг Янг ва Ясмин Сиддиқӣ баргузор гардид.
Сараввал меҳмонон аз Раёсати мониторинги муҳити зист, Санҷишгоҳи сифати ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Маркази яхшиносӣ дидан намуда, ба фаъолияти воҳидҳои сохторӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои бисёрҷамъбаи истиқоматии Агентӣ, ки бо маблағгузории БОР амалӣ шуда истодааст, дидан намуданд.
Сипас дар доираи нишаст намояндагони ҳарду ҷониб масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар самти яхшиносӣ, обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим ва мониторинги сифати ҳаво, ҳамзамон амалишавии лоиҳаи “Аз пиряхҳо ба хоҷагиҳо (Фонди иқлимии Сабз) - пешбурди барномаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ”-ро, ки дар самти баланд бардоштани устувории ҷомеа, системаҳои озуқаворӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ нигаронида шудааст, матраҳ намуданд.
16.08.2024