Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Идомаи Конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Рӯзҳои 28-31 августи соли 2024 бо назардошти фаъолияти саҳроӣ Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ – идоракунии хавфҳо” кори худро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ идома дод, ки дар рафти он намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, олимону коршиносони соҳавӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси мазкурро дар ҳамкорӣ бо Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист (АКАН) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Ҷомеаҳои мутобиқ ва устувор дар муҳити зисти худ (ARCH)", ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад, баргузор намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешқадам эътироф гардида, ташаббусҳои глобалиро дар соҳаи иқлим ва об пеш мебарад. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ қабули қатънома дар бораи "Эълони соли 2025 - ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо", "21 март- ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" ва “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, барои солҳои 2025–2034” аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки барои ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳими ҳифзи пиряхҳо ва криосфера заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Натиҷаи чорабиниҳои Конфронси мазкур заминаи меҳварӣ барои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе, ки соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, маҳсуб гардида,  нақши муҳим дар муттаҳидсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро хоҳад дошт. 

02.09.2024