Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати “33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 5 сентябри соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Агентии обуҳавошиносӣ бо иштироки роҳбарият, воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва марказу муассисаҳои Кумита дар шаҳри Душанбе, инчунин бо иштироки собиқадорон ва фаъолони меҳнат бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти роҳбарикунанда, аз ҷумла ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонон, аҳли нишастро хайрамақдам намуданд. Мавсуф дар баромадашон оид ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти беназири ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози ақида намуданд.

Ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар баромадашон оид ба нақши муассир ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфуз барои ҳалли масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти ҷаҳониву минтақавӣ, аз қабили таъмини амнияту субот ва беҳдошти экологиву иқлим суханронӣ намуданд.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ғолибони озмунҳо дар номинатсияҳои “Ноҳияи беҳтарин”, “Маҳалли беҳтарин”, “Муассисаи беҳтарин” ва озмун байни рӯзноманигорон дар мавзӯи “Ҳадафҳо ва дурнамо: роҳ ба сӯи ояндаи Сабз баҳри таъмини амнияти экологӣ” бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати дигари чорабиниро барномаи фарҳангӣ зиннат бахшида, ҳунармандон бо сурудҳои ватандӯстонаи хеш хотири иштирокдоронро шод гардониданд. 

06.09.2024