Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории 35-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил


Ҳамасола ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳар як кишвари аъзо доир мегарданд ва имсол мизбони чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои Хадамотҳои обуҳавошиносии ИДМ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин Раисони Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Ҷаласаро намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ Шпарло Сергей Геннадьевич кушода, ба Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло сухани муқаддимавӣ дод. Баромадкунандагон махсусан қайд намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи Шӯрои коҳиш додани таҳдид ба ҳаёт ва моликияти аҳолӣ аз падидаҳои хатарноки табиӣ ва иқлим мебошад. Ин фаъолият бидуни мубодилаи байналмилалии мушоҳидаҳо ва пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ дар сатҳи миллӣ пурра анҷом дода намешавад. Аз ин рӯ, намояндагони Хадамоти миллии обуҳавошиносӣ дар кори созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯро як қатор масъалаҳои муҳим аз қабили, раёсати Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ, татбиқи Созишнома дар бораи шабакаи байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ, рафти иҷрои Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии давлатҳои ИДМ ва нақшаи татбиқи он, татбиқи самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмии Хадамотҳои обуҳавошиносии давлатҳои ИДМ, Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди фаъолияти обуҳавошиносии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2030 ва ғайраҳо матраҳ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи баргузории 35-умин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ бо иқдоми Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 12 сентябри соли ҷорӣ парвози аэровизуалӣ бо ҳайати меҳмонон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон (пиряхи Зарафшон) ва боздид аз ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангии қалъаи Ҳисор ба нақша гирифта шудааст.





12.09.2024