Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият”

Санаи 11 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият” баргузор гардид, ки дар рафти он мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ Раҳмонов Р. дар рафти баргузории конференсия тариқи рӯйнамо дар мавзӯи “Мониторинги пиряхҳои Тоҷикистон” баромад намуда, махсусан оиди яке аз кишварҳои пешсафи аъзои Созмони Милали Муттаҳид донистани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули ташаббусҳо дар самти обу иқлим қайд намуданд. Бахусус оид ба қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз 14 декабри соли 2022 ва “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, барои солҳои 2025–2034” аз 13 августи соли 2024, ки барои таҳкими иқтидорҳои миллӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд,  таъкид гардид.

12.09.2024