Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ дар пиярхи Ванҷях (Федченко)

Дар идомаи ҷонибдориҳо вобаста ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологиии инсоният, рӯзҳои 23-26 сентябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Филиали Агентии Ого Хон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Институти географияи Академияи илмҳои Руссия дар қисмати забонаи пиярхи Ванҷях (Федченко) корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ ва дар қисмати болоии он мушоҳидаҳои аэровизуалиро амалӣ намуданд.

         Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои нақшаи кории Агентӣ ва бандҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2030” роҳандозӣ гардид.

Пиряхи Ванҷях дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҷойгир буда, яке аз калонтарин пиряхҳои кӯҳӣ дар ҷаҳон ва дарозтарин пирях дар Авруосиё ба ҳисоб меравад. Корҳои экспедитсионӣ дар пиряхи мазкур барои як қатор самтҳо, монанди иқлимшиносӣ, глятсиология, гидрология ва экология аҳамияти беназир доранд.

Бояд қайд намуд, ки экспедитсияи мазкур чорабинии саривақтие ба ҳисоб меравад, ки на танҳо дар фаҳмиши равандҳои дар шароити пиряхҳо ба амаломада, балки дар арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин пешгӯии тағйироти ояндаи захираҳои обӣ дар Осиёи Мрказӣ нақши муҳим мебозад.

27.09.2024