Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2024

Санаи 4 октябри соли 2024 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2024 бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ҷараён гирифта, дар он масъалаи натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар нуҳмоҳаи соли 2024 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби кори ҷаласа муовини директори Агентӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна аз рӯи масъалаҳои рӯзнома баромад намуданд.

Сипас ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Агентии обуҳавошиносӣ шунида ва муҳокима гардид.

Дар баромади сардори Раёсати мониторинги сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ муҳтарам Шукурзода Исфандиёр Шукур бо намояндагӣ аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо дар ҳамаи самтҳо қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳадафи асосии мо татбиқи амалии сиёсати кишвар дар самти обуҳавошиносӣ, татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», пешбурди мониторинги муҳити зист, омӯзиш ва таҳияи чорабиниҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

04.10.2024