Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар дар мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳа"

Рӯзҳои 8 то 10 октябри соли ҷорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи Рушди СММ, ширкатҳои машваратии "CIVITTA" ва "CAICO" ва бо дастгирии молиявии фонди Иқлими Сабз семинар оид ба мавзӯи "Арзёбии осебпазирии шаш бахши афзалиятнок ва таҳияи нақшаҳои мутобиқсозии соҳавӣ" оид ба бахшҳои асосӣ: энергетика, захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуданд.

Иштирокчиёни асосии семинар намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, дигар муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, бахшҳои хусусие буданд, ки фаъолияташон марбут ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

 Мақсади семинар аз пешниҳоди нақшаҳои мутобиқсозии бахшҳои таҳияшуда, гузаронидани муҳокимаи онҳо бо намояндагони ҳукуматҳо ва шарикони рушд, инчунин ҷамъоварии пешниҳодҳо ва шарҳҳо оид ба лоиҳаҳои нақшаҳои мутобиқсозии бахшҳо барои такмили ниҳоии нақшаҳо арзёбӣ мегардад.

 Бояд қайд намуд, ки нақшаҳои пешниҳодшудаи соҳавӣ оид ба мутобиқшавӣ дар бахши энергетика, захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт бо машварат бо вазоратҳои асосӣ ва дигар вазорату идораҳои кишвар таҳия шудаанд. Семинари болозикр имконият медиҳад, ки фикру мулоҳизаҳо ва шарҳи шарикони калидӣ ҷамъбаст шуда, барои такмилдиҳӣ ва татбиқи нақшаи Стратегияи мутобиқшавӣ дар шароити тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 роҳандозӣ гарданд.


11.10.2024