Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари сатҳи баланд оид ба арзёбии партовҳо бо истифода аз моҳвораҳо дар доираи 29-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29)

Сана: 14 ноябри соли 2024

Ҷои баргузорӣ: Павилиони Ҷопон, Минтақаи Кабуд E, C-5, КС29

Санаи 14 ноябри соли ҷорӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло - Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Саидов Саттор-сардори Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Агентӣ дар семинари сатҳи баланд оид ба мавзӯи "Шаффофият бо истифода аз технологияҳои моҳвораии GOSAT: Пешниҳоди механизми нави санҷиши партовҳои газҳои гулхонаӣ" ширкат варзиданд.

 Семинари мазкур ба нақши муҳими арзёбии партовҳо дар асоси маълумоти моҳвораӣ барои баланд бардоштани шаффофияти ҷаҳонӣ бахшида шудааст.

 Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории кишварро ба шаффофият ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари хурди кӯҳӣ, ки 98% энергияи худро аз ҳисоби гидроэнергетика ба даст меорад, сатҳи нисбатан пасти партовҳоро нигоҳ медорад, аммо айни замон ба шаффофият диққати махсус медиҳад, то ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқат кунад. Ин на танҳо системаи шаффофияти моро тақвият мебахшад, балки барои иштирок дар тиҷорати гази карбон имконият фароҳам оварда, ба устувории дарозмуддати кишвар мусоидат менамояд.

Ҳайати кишвари мо инчунин манфиатдор будани Тоҷикистонро ба ҳамгироии усулҳои санҷиш дар асоси маълумоти моҳвораӣ изҳор намуда, онро ҳамчун воситаи муҳим барои санҷиши маълумоти миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ арзебӣ намуданд.


15.11.2024