Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштирок дар чорабинӣ дар мавзӯи “ Кушодани NDC 3.0 - Сохтани лӯлаҳои муассири лоиҳаҳо барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором”

Рӯзи 14 ноябри соли 2024 дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон, чорабинӣ оид ба мавзӯи “Кушодани NDC 3.0 Сохтани лӯлаҳои муассири лоиҳаҳо барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором” баргузор гардид, ки дар он сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Комрон Рӯзиев иштирок намуда, дар мавзӯи «Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои намунаи қавӣ барои таҳияи Саҳми пешбинишудаи миллии муайяншуда (NDC) ва таҷрибаҳои беҳтарин кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои кишвари сабз» суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 Саҳми пешбинишудаи миллии муайяншудаи худро (NDC) расман пешниҳод кард. Дар соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳми пешбинишудаи миллии муайяншудаи (NDC)-и навро бо ҳадафҳои аз ҳама баланд дар минтақа муаррифӣ намуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Нақшаи татбиқи Миллӣ ва Нақшаи Маблағгузории Иқлимро муаррифӣ намуда, стратегияи кишварро оид ба ноил шудан ба ҳадафҳои навшуда ва васеъшудаи NDC дар доираи Созишномаи Париж муфассал шарҳ дод.

15.11.2024