Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Марказ ва шабакаи технологияи иқлимӣ (CTCN)

Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо намояндагони Марказ ва шабакаи технологияи иқлимӣ (CTCN) 

   Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Марказ ва шабакаи технологияҳои иқлимӣ (CTCN) (механизми технологии Конвенсияи қаллабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим) ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати пешбурди ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бо истифода аз технологияҳои муосир аз қабили технологияи зеҳни сунъӣ таҳким мебахшанд.

   Дар доираи 29-умин Конфронси тарафҳои қоллабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон вохӯрии дуҷониба байни роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ бо Марказ ва шабакаи технологияи иқлимӣ (CTCN) оид ба ҳамкориҳои стратегӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ (AI), инчунин технологияҳои иқлимӣ барои беҳтар кардани пешгӯии обу ҳаво, тобоварӣ ба офатҳои табиӣ ва коҳиш додани зарарҳо дар шароити тағйирёбии иқлим баргузор гардил.

   Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи қоллабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва намояндаи Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) аз ҷумла намояндаи Марказ ва шабакаи технологияҳои иқлимӣ (CTCN) иштирок доштанд. 

   Ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар самти истифодаи технологияҳои пешрафта барои кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии хатарҳои иқлимӣ ва эҷоди системаҳои устувор ва тобовар ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ мегардад.

   Яке аз самтҳои асосии ин ҳамкории муштакар ҷорӣ намудани хизматрасонии мушоҳидаи боришот дар вақти воқеӣ бо истифода аз технологияи зеҳни сунъӣ, таҳлили ҳодисаҳои хавфнок ва системаи огоҳии бармаҳал барои боришоти шиддатнок, таҳияи харитаи омилҳои хавфу хатари зуҳуроти табиӣ мебошад.

   Дар ин дидор намояндагони Марказ ва шабакаи технологияҳои иқлимӣ (CTCN) омодагии хешро барои кумаки техникӣ ва баргузории барномаҳои омӯзишӣ ҷиҳати истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ оиди пешгӯии обу ҳаво иброз намуданд.

   Бояд қайд намуд, ки ҳамкории судманд ҳадафҳои васеътари иқлимии Тоҷикистонро, аз ҷумла ӯҳдадориҳои кишварро дар доираи Созишномаи Париж оид ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ва баланд бардоштани муқовимат ба тағйирёбии иқлим мустаҳкам менамояд.

18.11.2024