Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Имзои “Еддошти тафоҳум” байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ

Санаи 18 ноябри соли 2024 дар ҳошияи Конфронси 29-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 29) “Ёддошти тафоҳум” байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ “Дар бораи ҳамгироии обшиноси (гидрология)-и изотопӣ барои мониторинг ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ дар минтақаҳои яхбандӣ” аз ҷониби директори Агентии обуҳавошиносӣ  Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ва Наҷот Моҳтар Муовини директори генералии Департаменти илмҳои ҳастаӣ ва барномаҳои амалии Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) ба имзо расид. Ҳадафи аз “Ёддошти тафоҳум” муқаррар намудани муқаррарот барои ҳамкории истисноӣ дар соҳаи ҳамгироии обшиноси (гидрология)-и изотопӣ барои назорат ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ дар минтақаҳои яхбандӣ мебошад.

Ҳамзамон дар доираи ин санад масъалаҳои омӯзиш ва эҷоди иқтидор дар ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти изотопӣ ва паҳнкунии онҳо, мукаммалгардонии дониши коршиносон оид ба ҳамгироии маълумоти изотопӣ ба пойгоҳи додаҳои миллии мониторинги захираҳои обӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи обшиноси (гидрология)-и изотопӣ барои мониторинги ҳавзҳои обанборҳои яхбаста бо мақсади мусоидат ба қабули қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба идоракунии захираҳои обӣ ва таҳияи системаҳои огоҳкунии барвақтӣ дар асоси маълумоти изотопӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Ҷониби Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЭ) омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои яхшиносӣ ва обшиносӣ (гидрология) иброз доштанд.


18.11.2024