Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Тадбирҳои аз ҷиҳати илмӣ асосёфта барои нигоҳдории пиряхҳо ва омодагӣ барои Соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо - 2025”

Дар доираи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон (COP-29) санаи 18 ноябри соли 2024 чорабинии сатҳи баланд оид ба мавзӯи “Тадбирҳои аз ҷиҳати илмӣ асосёфта барои нигоҳдории пиряхҳо ва омодагӣ барои Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025” бо иштироки мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ, коршиносони соҳаи обу иқлим, намояндагони Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, коршиносони соҳавии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Рӯзиев иштирок ва дар мавзӯи “Омодагии Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ ҷиҳати таъсиси Маркази минтақавии яхшиносӣ дар Осиёи Марказӣ, ки қароргоҳаш дар шаҳри Душанбе воқеъ мешавад, суханронӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкил намудани маркази мазкур ин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, мусоидат ба таҳқиқот ва таҳияи стратегияҳо барои коҳиш додани таъсири таназзулёбии пиряхҳо дар минтақа мебошад.

Бо ин рӯҳия мо ба ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд даъвати самимӣ менамоем, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки қарор аст моҳи майи соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат варзанд. Ин конфронс ҳамчун як платформа барои таҳияи як харитаи роҳ оид ба амалиёти ҷаҳонӣ (глобалӣ) оид ба ҳифзи пиряхҳо, мусоидат ба табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам ва таҳкими шарикӣ барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои гаронбаҳои пиряхҳо хидмат хоҳад намуд.

 

19.11.2024