Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Багузории чорабинии сатҳи баланд оид ба мавзӯи “Аз пушти қуллаҳо: мониторинги таъсири ақибнишинии пиряхҳо дар минтақаҳои поёноб”

Санаи 19 ноябри соли 2024 дар доираи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон дар ҳамбастагӣ байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЕ) чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Аз пушти қуллаҳо: мониторинги таъсири ақибнишинии пиряхҳо дар минтақаҳои поёноб” баргузор гардид, ки дар рафти он намояндагони ташкилоту идораҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (МАГАТЕ), роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А, директори Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ оид ба ҳамкории техникӣ Мартин Краус, директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ, сардори Департаменти равандҳои глобалӣ ва сиёсати об ва криосфераи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ Николас Франке суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баррасии масъалаҳои аҳамияти нақшаи ҳамаҷонибаи мониторинг барои ба таври мунтазам арзёбӣ намудани таъсири обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои поёноб ва ҳамкории истисноӣ дар соҳаи ҳамгироии обшиноси (гидрология)-и изотопӣ барои назорат ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ дар минтақаҳои яхбандӣ арзёбӣ гардид. 

21.11.2024