Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Иштирок дар Мизи мудаввар оид ба мавзӯи “Технологияҳои мутобиқшавӣ дар минтақаҳои хушк”

Санаи 19 ноябри соли 2024 дар доираи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон, дар Павилиони Ҷумҳурии Қатар Мизи мудаввар оид ба мавзӯи  “Технологияҳои мутобиқшавӣ дар минтақаҳои хушк” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Доктор Масъуд Ал-Марри, директори Департаменти амнияти озуқавории Вазорати коммуналии Ҷумҳурии Қатар, намояндаи Фонди мутобиқшавӣ ва Хонум Ҳалима Бава-Бварӣ, директори Шӯрои Миллӣ оид ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Нигерия, мутахассисони соҳавии Агентии обуҳавошиносӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзиев К. дар мавзӯи «Таъсири шиддатноки тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои хушки кишвар» суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки минтақаҳои хушки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назарраси тағирёбии иқлимро аз сар гузаронида, баландшавии ҳарорати миёнаи солона боиси хушксолиҳои зуд-зуд ва шадид мегардад, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва дастрасии об таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон  обшавии босуръати пиряхҳо ҷараёни дарёҳоро коҳиш дода, ба тавлиди нерӯи обӣ ва системаҳои ирригатсионӣ таъсир манфӣ расонида, афзоиши басомад ва шиддати обхезӣ, ярч ва хушксолӣ ба инфрасохтор ва воситаҳои зиндагӣ хатар эҷод мекунанд.

Ҳамзамон дар баромад қайд гардид, ки яке аз минтақаҳои хушки ҷумҳурӣ дар минтақаи ҷанубии ҳаммарз бо ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон ҷойгир буда, Агентии обуҳавошиносӣ дар давраи вегетатсия агробюллетенҳо (бюллетенҳои агрометеоролгӣ)-ро ба вазорату идораҳои дахлдор барои қабули қарори дуруст пешниҳод менамояд. Агентии обуҳавошиносӣ бо технологияҳои ҳозиразамон ба монанди, моделҳои пешгӯии обу ҳаво, моделсозии иқлимӣ, системаҳои огоҳкунии бармаҳал (EWS) барои офатҳои табиӣ, моделсозии хавфи обхезӣ ва хушксолӣ ниёз дошта, саҳмгузории шарикони рушд дар ин самт пешниҳод гардид.

21.11.2024