Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024

Санаи 3 январи соли 2024 ҷаласаи васеи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024  баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Б.А. иштирок доштанд.

Тибқи тартиби муқарраргардида баъд аз муайян гардидани регламенти кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар ҷамъбасти соли 2024 директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода А.Ҳ. бо маърӯза баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти раёсат, марказ, шуъбаҳо ва шабакаҳои давлатии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ ва дастовардҳои онҳоро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ. ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар самти мониторинги муҳити зист, зери назорат гирифтани фаъолияти шабакаҳои мушоҳидавӣ дар давраи замистон, ислоҳи камбудиҳо дар шабакаҳои давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми захираҳо ва имкониятҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. зимни суханронӣ масъулинро барои иҷрои пурра ва саривақтиву сифатноки барномаю стратегияҳои давлатӣ ва соҳавӣ сафарбар намуда, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 дар бораи амалигардонии қатъномаи СММ оид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро махсусан таъкид доштаанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарор қабул гардида, масъулини иҷрои онҳо муайян ва муввазаф гардиданд.

13.01.2025