Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 бахшида ба қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ оид ба "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва омодагиҳо ба баргузории "Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо" як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ҳамин самт рӯзҳои 13-14 ва 16 январи соли 2025 Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии ЮНЕСКО бо дастгирии молиявии Фонди мутобиқшавӣ, дар доираи Лоиҳаи "GLOFCA": Паст кардани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” силсила-семинарҳои омӯзиширо дар мавзӯи “Таҳияи Харитаи роҳ барои коҳиш додани хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаи озмоишии ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш” баргузор намуданд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳо таҳияи дастурамалҳо барои сохтани “Харитаи роҳ барои коҳиш додани хатари рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ” дар заминаи тағйирёбии иқлим арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон дар ин раванд иштирокчиён ба масъалаҳои арзёбии хатарҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ марбут ба ташаккул ва рушди кӯлҳои пиряхӣ, рушди малакаҳо дар таҳияи тадбирҳои мутобиқшавӣ барои коҳиш додани хавфҳо, таҳкими ҳамкориҳо байни ҷонибҳои ҳавасманд барои таъмини муносибати ҳамаҷониба ба идоракунии хавфҳои иқлим шиносоӣ пайдо намуданд.
17.01.2025