Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Дар Агентии обуҳавошиносӣ омӯзиши Системаи огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обу ҳаво - " Smartmet Alert" амалӣ гардид

Рӯзҳои 26 то 30 январи соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба насб ва мутобиқсозии системаи нави огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обу ҳаво "Smartmet Alert" бо иштироки мутахассисони Институти метеорологии Финляндия Ҷенни Раухала, Ирис Идоко ва менеҷери лоиҳа Юлия Варлей баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки системаи мазкур аз ҷониби Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи “FINTAJ” таҳия шудааст.

 Системаи "Smartmet Alert" амсилаи пешгӯие мебошад, ки иттилооти стандартии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (WMO)-ро истифода намуда, ба таснифоти пешгӯиҳои таҳиякардаи Агентии обуҳавошиносӣ мутобиқ мешавад.

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ коршиносони Институти метеорологии Финляндия намунаи санҷидашудаи "Smartmet Alert"-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш доданд ва таснифоти огоҳиҳои обуҳавошиносӣ, ҳавошиносӣ, обшиносӣ ва яхшиносиро, ки барои ҷумҳурӣ зарур арзёбӣ мешаванд, аз санҷиш гузарониданд.

Татбиқи системаи "Smartmet Alert" имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва вазорату идораҳои дахлдор аз зуҳуроти эҳтимолии хатарноки обуҳавошиносӣ самараноктар огоҳ шаванд, ки ин дар навбати худ ба кам кардани хатарҳо ва оқибатҳои зуҳуроти табиӣ мусоидат менамояд.


30.01.2025